Мулоқоти Э.Раҳмон бо У.Паэт
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зоҳир карда шуд. «Тоҷикистон рушди пайвастаи равобит бо кишварҳои аврупоии назди Балтика, аз ҷумла Эстонияро муҳим мешуморад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Таъкид гардид, ки мавқеи ҳамсон ва ё наздики Тоҷикистону Эстония оид ба бисёр масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ заминаи хуби ҳамгироии ду кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст.ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти бозори Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.Урмас Паэт изҳор дошт, ки Эстония аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад.Гуфтугўи судманд доир ба омодагӣ ба Конфронси навбатии РЕККА – Форуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.ҳамчунин доир ба роҳҳои ҳалли қазияи бисёрсолаи Афғонистон ва ба сулҳу созиш ва корҳои созандагӣ раҳнамун намудани нерўҳои манфиатдори ин кишвар табодули назар карда шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






