Мулоқоти Э.Раҳмон бо У.Паэт

Январь 12, 2012 17:53

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зоҳир карда шуд. «Тоҷикистон рушди пайвастаи равобит бо кишварҳои аврупоии назди Балтика, аз ҷумла Эстонияро муҳим мешуморад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Таъкид гардид, ки мавқеи ҳамсон ва ё наздики Тоҷикистону Эстония оид ба бисёр масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ заминаи хуби ҳамгироии ду кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст.ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти бозори Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.Урмас Паэт изҳор дошт, ки Эстония аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад.Гуфтугўи судманд доир ба омодагӣ ба Конфронси навбатии РЕККА – Форуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.ҳамчунин доир ба роҳҳои ҳалли қазияи бисёрсолаи Афғонистон ва ба сулҳу созиш ва корҳои созандагӣ раҳнамун намудани нерўҳои манфиатдори ин кишвар табодули назар карда шуд.

Январь 12, 2012 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд