Мулоқоти роҳбарони хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 25 январ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо раиси ҳайати мушовараи вакилони ҳимояи мустақил дар шаҳри Душанбе Фахриддин Зокиров мулоқот намуд. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи таъсиси гурӯҳи вакилони ҳимоя дар Федератсияи Русия ба манзури расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо аҳд карданд, ки вақтҳои наздиктарин гурӯҳи вакилони ҳимояи назди Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия баъди сабти расмӣ корашро дар шаҳри Маскав оғоз мекунад.Хадамоти муҳоҷират ният дорад, ки дар оянда якҷоя бо ҳайати мушовараи вакилони ҳимояи мустақил дар шаҳри Душанбе барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҳамаи ниҳодҳои округҳои Федералии Русия идораҳои худро кушояд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






