Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Комиссари аврупоӣ оид ба энергетика
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар шаҳри Брюссел мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Комиссари аврупоӣ оид ба энергетика Гюнтер Оттингер баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат вазъу дурнамои ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мавриди муҳокима қарор доданд. Гюнтер Оттингер муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мусбат арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳамкории дуҷониба тамоюли устувори рушду густаришро дорад.Р.Солиев дар навбати худ ба мусоҳибаш дар бораи нерӯи гидроэнергетикии ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва аҳамияти онҳо барои ҷумҳурӣ ва минтақа муфассал нақл кард. Ҷонибҳо дар робита бо ин имконияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гидроэнергетикаро мавриди муҳокима қарор доданд.Сафири Тоҷикистон аз ҷараёни омодагӣ ба конфронси панҷуми қарибулвуқӯи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки бояд 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, маълумоти муфассал дода ва аз Гюнтер Оттингер хоҳиш намуд, ки ба таъмини иштироки намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар кори ин ҷамъомад мусоидат намояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






