Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ВКХ Покистон
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо директори раёсати кишварҳои аъзои ЭКО ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Асламхон мулоқот намуд. Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мавзӯи асосии мулоқот иборат аз омодагӣ ба конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ аз рӯи қазияи Афғонистон буд. Ин конфронс бояд 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Сафир зикр намуд, ки конфронс бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Мувофиқи суханони ӯ, ин ҷамъомад бояд ба беҳдошти вазъияти Афғонистон ва рушди минбаъадаи иқтисодии он мусоидат намояд. Дипломати тоҷик ҳамчунин иброз дошт, ки иштироки вазири корҳои хориҷӣ ва ҳайати дахлдори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ин конфронс басо заруру муҳим аст. Директори Раёсат Муҳаммад Асламхон дар навбати худ изҳор дошт, ки Покистон ҷонибдори ҳалли мусбати проблемаҳои Афғонистон ва барқарор намудани сулҳу суботи ин кишвар аст. Мавсуф афзуд, ки ҳамаи кишварҳои минтақа ва пеш аз ҳама Тоҷикистону Покистон бояд дар ҳалли қазияи Афғонистон фаъолона иштирок намоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






