Муовини сардори РХФМ ФР аз Тоҷикистон дидан кард
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 4 январ дар шаҳри Душанбе сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо муовини сардори Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷирати (РХФМ) Федератсияи Русия дар Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград Дмитрий Никифоров мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқӣ, дар вилояти Ленингард мувофиқи қонун бо кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик, ҳамчунин хидматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дмитрий Никифоров дар навбати худ аз фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик дар Санк – Петербург изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ иқдоми муҳиме дар амри танзими сиёсати бахши муҳоҷират маҳсуб мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






