Мусодираи 869 адад маводи пастсифат
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Барои пешгирии воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол, фурӯш ва паҳншавии маводи савтӣ ва тасвирӣ аз ҷониби мақомот ва сохторҳои дахлдори вилояти Суғд рейди омӯзишӣ гузаронида шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои «Дӯстӣ» ва «Атуш»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рейди мазкур доир гашта, дар натиҷа 869 адад маводи савтӣ ва тасвирӣ мусодира, 257 адади он нобуд карда мешавад. Ҳамчунин аз шаҳрвандон С. Қодирҷонова 104 адад, А.Ғафуров 51 адад, А.Каримов 102 адад фиттаҳои рӯпӯши полиэтиленӣ доштаи беҳуҷҷат ва пастсифат, аз ҷумла 2 адад филмҳои мамнӯъ мусодира гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






