Мусофирон нороҳат набошед!
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо сабаби аз ҷониби Ӯзбекистон қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҷануби Тоҷикистон ва муваққатан аз фаъолият мондани нуқтаҳои гази табиӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри микроавтобуси №22, автобусҳои хатсайри №1, №2, №12 ва №37, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, барои мусофирон шояд нороҳатӣ оваранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Бо назардошти ҳолати ҷойдошта шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи нақлиётӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти бо дигар намуди сӯзишворӣ фаъолияткунанда норасогии ба амал меомадаро бартараф созанд. Зимнан, аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба нороҳатии муваққатӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






