Нақшаи кишоварзон иҷро шуд

Январь 17, 2012 14:57

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзӣ баргузор шуд, муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовуддин Исроилов соли 2011 –ро барои кишоварзон соли бобарор хонд. Дар ин сол нақшаи истеҳсоли пахта 106,6 фоиз, картошка — 114, сабзавот -109, мева – 117, ангур – 125, тухм -110, моҳӣ- 125 ва истеҳсоли асал ба андозаи 100 фоиз иҷро гардид. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ дар соли 2011 Шӯрои амнияти озуқаворӣ таъсис ёфт. Дар ин сол дар мавзеи Чимтеппа – и ноҳияи Рӯдакӣ аввалин озмун – намоиши ҷумҳуриявии «Чорво ва паррандаи сермаҳсул» гузаронида шуд. Дар ин сол аз Федератсияи Русия барои беҳтар намудани зоти моҳӣ 20 млн. дона кирминамоҳӣ ворид ва дастраси моҳипарварон гардонида шуд. Дар соли 2011 мутахассисони соҳаи чорвопарварӣ 250 сар гӯсолаи сермаҳсули зоти сиёҳалоро аз Ҷумҳурии Беларус, 2200 воя нутфаи бузҳои ангориро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ворид намуданд. Муовини вазир иштирокдорони нишасти матбуотиро бовар кунонид, ки дастовардҳои кишоварзон дар соли 2012 аз ин ҳам бештару беҳтар хоҳад шуд. Дар соли 2012 аз тариқи лизинг ворид намудани техникаи кишоварзӣ деҳқонро аз супоридани андози иловашуда ва гумрукӣ озод хоҳад кард ва ин яке аз он сабукиҳое мебошад, ки дар соли ҷорӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои кишоварзон пешбинӣ кардааст,- таъкид шуд дар нишаст. Нишасти матбуотӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва озод гузашт.

Январь 17, 2012 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд