Нафақаю маош зиёд мешавад?
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки вазири тозаинтихоб Шариф Раҳимзода доир гардид, аз боло рафтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2011 ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд. Бино ба гуфти вазир дар соли 2011 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30,1 млрд. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2010 ба андозаи 7, 4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин худ гувоҳи он аст, ки зиёд шудани ҳама гуна даромад ва пешравии истеҳсолот боиси зиёд шудани маош, нафақа, идрорпулӣ барои донишҷӯён, кӯмакҳои иловагӣ барои камбизоатон, сохтмони мактабу табобатгоҳ ва дигар соҳаҳои беҳдошти ҳаёти ҷамъиятӣ хоҳад шуд.Вазир ҳамчунин афзуд, ки дар соли 2011 34 номгӯи маҳсулоти асосӣ, аз ҷумла тилло, ангишт, семент, обҳои маъданӣ, орд ва боз даҳҳо номгӯи маҳсулоти дигар афзоиш ёфтааст.Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2011 ба 4 млрд. 443,3 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Дар ин давра содироти молу коло 1 млрд. 256,9 млн. доллар ва воридот 3 млрд. 186,4 млн. долларро ташкил додааст, ки он як навъ пешравии иқтисодӣ дар давраи истиқлолияти кишвар дониста шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






