Нархи боркашонӣ тавассути роҳи оҳан меафзояд?
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).-Шурӯъ аз 1- уми январи соли 2012 нархи интиқоли молу маҳсулот таваccути роҳи оҳани Ӯзбакистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 % афзун мегардад,- иброз намуд муовини директори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров 3 январ зимни нишасти матбуотй ба хабарнигорони ВАО. Ба гуфти Қаландаров бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» қарор додаанд, ки ба хотири баланд нашудани нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромади КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои соҳибкорон ва ширкатҳое, ки молу маҳсулот ворид ё содир мекунанд, имтиёз дода мешавад, яъне нархгузории моҳи декабр боқӣ мемонад. Ҳамчунин байни масъулини КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва масъулини рохи оҳани Ӯзбекистон барои паст кардани тарофаҳо гуфтушунид идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






