Нархи истифодаи барқ ҳоло баланд намешавад

Январь 26, 2012 15:36

Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Соли 2012 баланд бардоштани тааруфаи нерӯи барқ яке аз мавзӯҳои муҳим барои журналистон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2012 гардид. Нишасти матбуотӣ 25 январ бо иштироки раиси ҶСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров баргузор гардид. «Идораи мо ҳанӯз моҳи январи соли 2011 ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намуда буд, ки тааруфаи нерӯи барқ 20 фоиз баланд бардошта шавад, вале то ҳол ягон қароре қабул нашуда ва тааруфаи нерӯи барқ тағйир наёфтааст. Ба фикри ман тааруфаи ҳозираи нерӯи барқ дар сатҳи паст қарор дошта ва мувофиқ ба хароҷоти ҶСХК «Барқи тоҷик» нест», — гуфт Абдулло Ёров. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки ширкат татбиқи лоиҳаи ба ҷои ҳисобкунакҳои кӯҳнаи барқӣ васл намудани ҳисобкунакҳои навро идома медиҳад. Аз оғози татбиқи ин лоиҳа ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор ҳисобкунакҳои электронӣ оварда шуд, ки дар ноҳияҳои таҷрибавӣ насб карда мешаванд. Раиси ҶCХК «Барқи тоҷик» ба масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои хурд дахл намуда, гуфт, ки ҷумҳурӣ барои сохтани чунин нерӯгоҳҳо имконияти бузург дорад. Ширкат дар соли 2011 беш аз 200 нерӯгоҳи хурд бунёд намуд. Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир мутобиқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 августи соли 2011 ва нақшаи тарҳрезишуда навсозии сохтори ҶСХК «Барқи тоҷик» идома дорад.

Январь 26, 2012 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд