Нишасти матбуотӣ дар Варзоб
Варзоб, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бо назардошти он ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дараи Варзоб минтақаи сайёҳӣ ва туристӣ эълон шудааст, бинобар ин мо кӯшиш мекунем, ки тарзи зиндагӣ ва муносибати мардумро нисбат ба табиати нотакрори Варзоб куллан беҳтар кунем, -иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Варзоб Акбар Ятимов.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо ҳузур доштанд. Раиси ноҳия дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми соли сипаригардида ҳарф зада гуфт, ки дар соли 2011 кишоварзони ноҳия 300 тонна меваи гуногун, 459 тонна ангур, 104 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намуданд. Дар соҳаи чорводорӣ 639 тонна гӯшт, 5424 тонна шир, 21,5 тонна пашм ба даст омад. Корхонаҳои саноатии ноҳия 5477,8 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.Тибқи иттилои масъулин алҳол дар ноҳияи Варзоб 8 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дорад. Тибқи нақша бо мадади соҳибкорон боз чанд нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






