Нозирон азми Ашқобод рафтанро доранд
Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Туркманистон, ки 12 феврали соли 2012 доир мегардад, мушоҳида менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи мазкур иттилоъ доданд. Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Маҳмудов ва мутахассиси Комиссияи мазкур Аҳлиддин Бӯриев дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ашқобод сафар намуда, ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсиро наззора мекунанд. Дар робита ба баргузории интихоботи президентӣ дар Туркманистон Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 15 довталаб ба ҳашт нафар шаҳодатномаи номзадӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи президентӣ супурда шудааст. Дар радифи номзадҳо ба ҷуз аз Президенти феълии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, инчунин вазирон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи нафту газ қарор доранд. Интихоботи президентӣ дар Туркманистон тибқи Қонуни асосии ин кишвар дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар Туркманистон шахсе ба мансаби Президент интихоб мегардад, ки ҳатман забони давлатиро донад, 15 соли охир дар қаламрави ин кишвар иқомат ва дар мақомоту сохтори давлатӣ фаъолият карда бошад, инчунин синнаш аз чил поён ва аз ҳафтод боло набошад. Интихоботи қаблии президентӣ дар Туркманистон 11 феврали соли 2007 баъди даргузашти нахустин Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов барпо гашта буд, ки аз миёни панҷ номзад Президенти феълии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар синни 50-солагиаш сарвари кишвар интихоб гардид.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






