Нозирони тоҷик ба Остона мераванд
Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати нозирони тоҷик ҷиҳати назорати ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Қазоқистон 13 январ ба ин кишвар сафар менамояд. Назар ба иттилои Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ нозирони тоҷик аз аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии ҷумҳурӣ, Муҳаммадборон Зоиров ва сармутахассиси комиссияи мазкур Мирзомурод Ашӯров иборат аст. Инчунин Абдураҳим Улфатов, мутахасиси пешбари комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо /САҲА/ ба ҳайси нозир дар интихоботи парлумонии Қазоқистон ширкат меварзад. Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Нозимов ба ҳайси нозир ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Қазоқистон дар ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мушоҳида менамояд. Бояд тазаккур дод, ки интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ дар Қазоқистон 15 январи соли 2012 баргузор мегардад ва дар он ҳашт ҳизби сиёсӣ иштирок менамоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






