Ошкорнамоии 278 ҷинояти нашъаҷаллобӣ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар натиҷаи чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯии амалишуда дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 42 ҷиноят ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 13 адад ва ё 45% зиёд мебошад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки 52 нафар шахсони гунаҳкор дастгир шуданд, ки 5 нафарашон занҳо, 12 нафар шахси пеш судшуда ва 2 нафарашон ноболиғон мебошанд. Бояд гуфт, ки ҷиҳати мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб як қатор амалиёти фаврӣ роҳандозӣ шуда, дар натиҷа фаъолияти 5 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб иборат аз 18 нафар қатъ гардида, 63 кг грамм маводи нашъовар мусодира карда шуд. Ҳамзамон дар соли 2011 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят 278 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор ва аз гардиши ғайриқонунӣ 575 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла 200 кг героин, 7 кг афюн, 402 кг каннабис ва 33 кг дигар намудҳои маводи нашъаовар мусодира шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






