Озмуни андозсупорандаи беҳтарини сол
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар»). – Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд ва рӯҳбаланд гардонидани андозсупорандагон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо соли сеюм аст, ки озмуни андозсупорандаи беҳтарини солро доир менамояд. Бо ин мақсад дар Кумитаи андоз аз ҷумлаи ҳайати роҳбарикунандаи он комиссияи босалоҳият таъсис ёфтааст. Барои воқеъбинона интихоб намудани беҳтарин андозсупорандаи сол 9 меъёр муқаррар шуда ва бо фармони дахлдор тасдиқ гардидааст. Мақомоти худуди андоз феҳристи довталабонро ба комиссия пешниҳод намуд, ки он мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда аз байни довталабон беҳтаринҳоро интихоб кард. Комиссияи Кумитаи андоз пешниҳоди мақомоти ҳудуди андозро ҳамаҷониба омӯхта ва андозсупорандагони зеринро ба унвони андозсупорандаи беҳтарин дар соли 2011 сазовор донист:Соҳибкори инфиродӣ Махсумова Гулҷеҳра Давлатовна аз ноҳияи Рӯдакӣ;Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агентии алоқаи ҳавоӣ» аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фононбонк» аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон» аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;Корхонаи муштараки масъулияташ маҳдуди «Апрелёвка» аз Шаҳри Қайроққум;Ҳамзамон аз рӯи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2011 нозироти андози шаҳри Ваҳдат, нозироти андози шаҳри Кӯлоб ва нозироти андози шаҳри Хуҷанд нозиротҳои андози беҳтарин дониста шуданд.Ҳадаф аз ташкили чунин озмунҳо қадр кардани фаъолияти самараноки андозсупорандагон ва кормандони мақомоти андоз аст, ки он ҷиҳати ба вуҷуд овардани рақобати солим ва ҳавасмандгардонии онҳо саҳми назаррас хоҳад гузошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






