Роҳбарони заминфурӯш ошкор шуданд
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ, дар соли 2011 бо вуҷуди пурзӯр намудани назорат доир ба истифодаи ғайриқонунии замин, аз тарафи мақомоти маҳаллии заминсозӣ 10 ҳазору 689 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд. Бино бар маълумоти манбаъ, ашхоси қонуншикан ба маблағи 2 млн. 67 ҳазору 763 сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз он 1 млн. 430 ҳазору 129 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳӣ ворид шуда, 6 ҳазору 78 ҳолати қонуншиканӣ дар истифодаи замин дар маҳалҳо бартараф карда шуд.Дар давоми соли 2011 бо супориши раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ дар ноҳияҳои Ҷиликӯл, дар Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон, дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва дар ноҳияи Шаҳринав санҷиши риояи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ гузаронида шуд. Дар ноҳияҳои Ҷиликӯл 49 адад, Ҷалолиддини Румӣ -18, Шаҳринав -26 ва шаҳри Исфара 7 адад қарори нодуруст перомуни ҷудо намудан, вобаста кардан ва ба расмият даровардани қитъаҳои замин ошкор шуд. Аз санҷишҳо аён гардид, ки дар ноҳияҳои зикршуда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои заминсозӣ, роҳбарони хоҷагиҳо дар тақсимоти ғайриқонунии замин даст доранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






