Рушди фазои умумиаврупоии ҳуқуқи башар
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 10-уми январи соли равон дар Намояндагии доимии Шӯрои Аврупо дар Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел мизи мудаввар рочеъ ба ҳуқуқи башар ва фазои умумиаврупоии ҳуқуқи башар дар Намояндагии доимии Шӯрои Аврупо баргузор гардид. Дар он намояндагони баландпояи Шӯрои Аврупо, Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо (ПАСЕ), Парлумони Аврупо, Комиссияи Аврупо, созмонхои ғайридавлатии аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар ва сафирон ширкат варзида, дар мавзӯи ҳуқуқи башар ва рушди фазои умумиаврупоии ҳуқуқи башар, механизми ба роҳ мондани шарикӣ дар соҳаи демократия ва ҳуқуқи башар бо кишварҳои ғайриаъзои Шӯрои Аврупо баромад намуданд.Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо Рустамҷон Солиев дар маърӯзаи худ доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои демократикунонии ҷомеа, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи башар ва озодии сухан дар кишвар сухан гуфт. Ӯ ҳамкории муфиди миёни Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупоро дар соҳаи демократия ва ҳуқуқи башар ва зарурати густариши чунин ҳамкориро дар ҷабҳаҳои амалӣ таъкид сохт. Сафири Шӯрои Аврупо дар Иттиҳоди Аврупо Торбёрн Фройснес равобити миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупоро дар соҳаҳои ҳуқуқи башар, маориф, фарҳанг ва демократикунонӣ мусбат арзёбӣ намуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






