С.Девонаев: «70% муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиш зарурат доранд»

Январь 24, 2012 11:18

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Соли 2011 се ҳазору 377 нафар шаҳрвандони ҶТ аз Федератсияи Русия ихроҷ шуданд, ки нисбат ба соли 2010 – ум 685 нафар кам аст. Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев дар нишасти матбуотӣ, ки 23 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ин бора хабар дод. Мувофиқи суханони мавсуф, соли гузашта теъдоди шаҳрвандони аз Федератсияи Русия ихроҷшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 374 нафарро ташкил дод. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ярмаркаи ҷойҳои холи кор, ки дар охири соли гузашта баргузор гардид, 63 нафар шаҳрвандони ихроҷшударо дар Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд», — гуфт роҳбари Хадамоти муҳоҷират. Ҳамзамон 128 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон намудани қоидаҳои сукунат бо қарори суд аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ шуданд, ки онҳо асосан шаҳрвандони Чин, Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Соли 2011 Хадамоти муҳоҷират ба беш аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаҳои иҷрои корро дод. Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки Хадамоти муҳоҷират ба масъалаи омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳи зиёде медиҳад. Ба гуфтаи С.Девонаев 70 % муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия кор мекунанд, ба омӯзиши касбӣ эҳтиёҷ доранд.

Январь 24, 2012 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад