Саҳми деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ
Шаҳраки Сомониён, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзанда доранд. Аз ҷумла, онҳо баҳри бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе дар давраи зимистону баҳор дар масоҳати 13,2 гектар гармхона ва дар 30,41 гектар кишти сабзавоти барвақтии зери плёнка гузарониданд. Аз ин майдонҳо 142 тонна помидор, 198 тонна бодиринг, 330 тонна карам ва 382 тонна дигар намуди сабзавот, ҷамъ 1047 сабзавоти барвақтӣ пешкаши аҳолӣ гардонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 228 тонна зиёд аст. Картошкапарварони ноҳия аз майдони 865 гектар, 17 ҳазору 837 тонна картошка истеҳсол намуданд, ки аз ҳар гектар 198,6 сентнериро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон аз соҳибкорони ноҳия соли 2011 ба миқдори 373 тонна пиёз, 10 тонна бодиринг, 10 тонна помидор, 400 тонна лимӯ, 250 тонна меваи хушк, ҷамъ 1043 тонна маҳсулотро ба хориҷи ҷумҳурӣ содир намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 433 тонна зиёд аст.