Сабукиҳо ба сармоягузорони аврупоӣ

Январь 19, 2012 14:28

Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Гардиши мол байни Тоҷикистону Люксембург дар соли 2010 дар маҷмӯъ 11 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 10 миллион $-ро воридот ва 1миллион $-ро содирот ташкил медиҳад». Ин матлабро Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи ҷумҳурӣ ҳини тавзеҳи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя дар назди вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар иброз дошт. Мавсуф афзуд, ки ҳадафи ин санад бартараф намудани андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя, афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, ки имрӯз моро қаноатбахш карда наметавонад ва зиёд намудани рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Люксембург аст. Назар ба андешаи вазири молия- эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар ҳар ду давлат ба танзим дароварда шавад, ки ин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, савдо, афзоиши сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нав ҷиҳати коркарди ашёи хом ва инчунин шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мусоидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки санади мазкур зимни сафари расмии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кишварҳои аврупоӣ 9 июни соли 2011 дар шаҳри Люксембург ба имзо расонида шудааст. Чунин созишномаҳоро Тоҷикистон бо 23 давлати ҷаҳон ба имзо расонидааст. Татбиқи Созишнома имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судмандро бо ин кишвари аврупоӣ ба роҳ монда, аз таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ҷилавгирӣ намояд. «Тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо ин ба имзо расонидан ва тасдиқи чунин Созишномаҳо аст», зикр кард зимни баррасии санади мазкур Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ. Мавсуф аз вазири молия суол кард, ки оё имконияти ҳар чӣ бештар тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои аврупоӣ вуҷуд дорад? Дар робита вазири молия гуфт, ки дар ин самт байни Тоҷикистону Люксембург Комиссияи босалоҳият ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар доираи ин Комиссия ҳар ду кишвар робитаҳои иқтисодии худро густариш дода, инвеститсияҳо ва тоҷирони Люксембург ҳар чӣ бештар ба Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон ин Комиссия иҷрои шартномаҳои иқтисодии байнидавлатиро ба танзим медарорад.

Январь 19, 2012 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд