Ширкати «Комбайнед групп ТК» ғолиби тендер

Январь 31, 2012 11:02

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти директори иҷрокунандаи Маркази татбиқи лоиҳаи «Шоҳон — Зиғар» Исмонқул Шоқулов, бо мақсади давом додани сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб — Қалъаихумб» моҳи декабри соли 2011 дар шаҳри Душанбе тендери байналмилалӣ гузаронида шуд. Дар тендер 11 ширкати калонтарини роҳсозии ҷаҳонӣ, аз қабили ширкатҳои роҳсозии Чин, Покистон, Туркия, Қувайт, Озарбойҷон, Эрон ва ширкатҳое, ки миёни дигар ширкатҳои роҳсоз маъруфанд, ширкат варзиданд. Ба гуфти Исмонқул Шоқулов, дар ин тендер ширкати муштараки давлатҳои Туркияву Қувайт — «Комбайнед групп -ТК» ғолиб омад. Сипас охирҳои моҳи декабри соли 2011 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати мазкур перомуни ҳамкорӣ дар соҳаи роҳсозӣ созишнома ба имзо расид.Тибқи ин созишнома аз 10 –уми феврали соли 2012 сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб — Қалъаихумб» оғоз меёбад, ки пудратчии сохтмон «Комбайнед групп -ТК» омодагии худро барои кор нишон дода, техникаи заруриро ба минтақаи сохтмон интиқол медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 5,4 млн. доллари амрикоӣ маблағ пешпардохт намудааст.

Январь 31, 2012 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд