Системаҳои таъмини об барқарор карда мешаванд
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо дастгирии мустақими Ҳукумати ҶТ ва сармояҳои Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа (БАБТ) татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои таъмини оби шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистон» идома дорад. Аз хадамоти матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Данғара роҳандозӣ мешавад, ки барои он Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа беш аз 6 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Дар доираи татбиқи лоиҳа ҷиҳати хариди мошину механизмҳо аллакай 19 адад мошину механизмҳои махсус дастрас шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






