Соҳилмустаҳкамкунӣ дар Кӯлоб

Январь 11, 2012 11:37

Кӯлоб, 11 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Ҷиҳати пешгирии хатари селу обхезӣ дар мавзеъҳои хатарзо- соҳили дарёҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тариқи ҳашари умумӣ ва ҷалби ташкилоту муассисаҳо вусъати тоза мегиранд. Дар айни замон корҳои таҳкими соҳилҳо дар қисми чапи дарёи Ёхсу ҷараён дошта, ба ин кор техникаҳои пуриқтидор сафарбар гардиданд. То имрӯз 850 метри соҳил мустаҳкам ва 220 метри дигари он, ки дар солҳои қаблӣ пурра хароб шуда буд, тавассути бунёди саддҳои муҳофизатии симтӯру бетонӣ барқарор гардидаанд. Дар соҳилҳои дигар дарёҳои минтақаи Кӯлоб раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ то ҳанӯз дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Январь 11, 2012 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд