Тӯҳфа ба пизишкон
Хоруғ, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ширкати мобилии Тселл ба кормандони Маркази саломатии шаҳри Хоруғ тӯҳфаи солинавӣ тақдим намуд. Ҳукумати кишвар барои рушди иқтисод, беҳбудии сокинон ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ҳамкориҳои худро бо созмонҳои байналмилалӣ ҳарчи бештар густариш медиҳад.Ширкати мазкур яке аз муассисаҳоест, ки баъди истиқлолият дар кишвари мо ба фаъолият шурӯъ карда, натанҳо дар пешрафти технологияи муосир ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, балки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ низ саҳми арзанда мегузорад.Дар арафаи Соли нави мелодӣ ин ширкат ба Маркази саломатии шаҳри Хоруғ таҷҳизоти нави тиббӣ тӯҳфа кард. Ба гуфтаи роҳбари маркази мазкур Зеби Иноятова, аҳли муассисаи онҳо ба чунин таҷҳизот ниёз доштанд, ки баъди дастрас шудани он сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳр хеле боло хоҳад рафт.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






