Тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон

Январь 4, 2012 17:37

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Амиров, ки қаблан муовини аввали вазири кишоварзӣ шуда кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Каримхӯҷаева Рухсора Давлатбековна – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, Азизов Азимбой – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Маҷитов Мўҳтади Хайруллоевич раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич, ки қаблан раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шуда кор мекард, ба вазифаи муовини котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович ба вазифаи муовини директори Департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои умумисиёсӣ ва иҷтимоӣ – сардори шӯъбаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, маориф ва илми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бобоев Шавкат Бобораҷабович аз вазифаи раиси шаҳри Чкалов ба мақоми мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Расулов Дилшод Ҷабборович директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод» таъин гардиданд.  Ҳамчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ шахсон аз вазифа озод гардиданд:Ашӯров Субҳонуддин Бурҳонович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Гулов Маҳмадалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод», Узоқова Зулфия Анваровна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Бобоев Шавкат Бобораҷабович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторов Абдуҷамил Халилович аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Январь 4, 2012 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд