Тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Амиров, ки қаблан муовини аввали вазири кишоварзӣ шуда кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Каримхӯҷаева Рухсора Давлатбековна – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, Азизов Азимбой – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Маҷитов Мўҳтади Хайруллоевич раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич, ки қаблан раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шуда кор мекард, ба вазифаи муовини котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович ба вазифаи муовини директори Департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои умумисиёсӣ ва иҷтимоӣ – сардори шӯъбаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, маориф ва илми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бобоев Шавкат Бобораҷабович аз вазифаи раиси шаҳри Чкалов ба мақоми мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Расулов Дилшод Ҷабборович директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод» таъин гардиданд. Ҳамчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ шахсон аз вазифа озод гардиданд:Ашӯров Субҳонуддин Бурҳонович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Гулов Маҳмадалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод», Узоқова Зулфия Анваровна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Бобоев Шавкат Бобораҷабович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторов Абдуҷамил Халилович аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






