Тағйироти кадрӣ дар сохторхои Прокуратура ва Гвардияи Миллии Тоҷикистон
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»).- 21 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Прокуратура ва Гвардияи Миллии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Баъди суҳбат ва мувофиқат бо Сарвари давлат роҳбарони як қатор сохторҳои мақомоти номбаршуда иваз карда шуданд.Ҳамин тариқ, Прокурори вилояти Суғд аз вазифа озод ва ба ҷойи ў Шариф Қурбонов таъин карда шуд.Ҳотам Назаров Прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва Дороб Асоев Муовини прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин гардид.Ҳамчунин прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Мастчоҳ, Файзобод ва прокурори ҳарбии горнизони Хоруғ иваз карда шуданд.Ба Прокурори шаҳри Душанбе барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар пойтахт, аз ҷумла ғасби ғайриқонунии қитъаҳои замин, муборизаи нокофӣ бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашамандӣ, ҷиноятҳои миёни наврасону ҷавонон ва фурўши аттестатҳои қалбакии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар маҷлиси солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд, 6 моҳ муҳлат дода шуд.Дар Гвардияи Миллии Тоҷикистон бошад, Ҳабибулло Сафаров Муовини якуми сардори Сарситоди ин сохтори низомӣ ва 7 нафари дигар ба вазифаҳои роҳбарии чанд раёсату шуъба ва қисмҳои низомӣ таъин карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи онҳо хатмкардагони мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои гуногуни мутараққӣ буда, дорои сатҳи баланди касбӣ ва кордонӣ мебошанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, иҷрои бомасъулияти уҳдадориҳои хизматӣ, муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан бо ҷиноятҳои созмонёфта ва хислати коррупсионидошта, тарбияи босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ дар миёни ҳайати шахсӣ ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






