Таҷлили санаи барқароршавии муносиботи дипломатии ҶМЧ ва ҶТ

Январь 4, 2012 16:51

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имсол Ҷумҳурии Мардумии Чин 20 – солагии барқароршавии муносиботро бо ҳар кадоми панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таҷлил менамояд. Имрӯз, 4 январ, ба рӯзи барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Чин 20 сол пур мешавад.Дар робита бо ин Вазорати корҳои хориҷии ҶМЧ аз 18 то 28 декабри соли 2011 сафари намояндагони ВАО Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро ба кишвари Чин ташкил намуд. Дар ҷараёни ин сафар барои журналистон барномае таҳия шуда буд, ки мебоист онҳоро бо ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҶМЧ шинос мекард. Сафари журналистон аз боздиди пойтахти Чин шаҳри Пекин оғоз ёфт. Дар ҷараёни сафар бо муовини вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Чэн Гопин мулоқот баргузор гардид. Ҷаноби Чэн Гопин зимни мулоқоташ зикр намуд, ки Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамсояҳои ба ҳам наздик буда ва дӯстии анъанавии байни онҳо решаҳои чуқури таърихӣ доранд. 20 сол аст, ки Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳам муносибатҳои мусоиди дӯстию ҳамкорӣ дошта, равобити мутақобилан муфиди сиёсиро ривоҷ медиҳанд, механизми ҳамкориро беҳтар месозанд ва онро дар соҳаҳои мухталиф густариш медиҳанд. Дипломати Чин изҳори умедворӣ намуд, ки журналистони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни сафарашон бо ҳаёти мардуми Чин муфассал шинос шуда, ҳиссаи худро ба рушди ҳамкории дӯстонаи ин кишвар ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мегузоранд.Дар ҷараёни мулоқот дар ВКХ ҶМЧ масъалаи тақвият бахшидани саъю кӯшишҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳоли ҳозир Чин ҳамраиси СҲШ буда ва моҳи июни соли 2012 дар ҶМЧ ҳамоиши ин созмон баргузор мегардад. Чэн Гопин ба саволҳои журналистон посух дода, гуфт, ки Чин ба фаъолияти муваффақонаи СҲШ боварии комил дорад.

Январь 4, 2012 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад