Ташкили “Маркази хизматрасонӣ” дар Кумитаи андоз
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – «Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 барои зиёд намудани имкониятҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ташкили Маркази хизматрасониро ба назар гирифтааст,- иттилоъ дод Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО. Мавсуф дар бораи натиҷаи фаъолияти кормандони Кумита дар соли 2011 маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки дар соли 2011 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 106,9% таъмин гардида, ба ҷойи 3 616,3 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷа 3 865,5 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 249,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Барои таъмини иҷрои нақшаи андозу пардохтҳо, беҳдошти заминаи моддию техникии мақомоти андоз, нерӯи кадрии он, баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа, ташкили ҳамкориҳои беҳтар бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкили «Феҳристи ягонаи бақайдгирии андозсупорандагон», беҳбуди бақайдгирии воридоти андозу пардохтҳо, ниҳодҳои андозбандӣ, зиёд кардани корҳои тавзеҳотӣ бо андозсупорандагон перомуни иҷрои ӯҳдадориҳояшон ва дигар омилҳо низ таъсир расониданд.Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар сатҳи замонавӣ ба роҳ монда, барои ҳарчи бештар ба буҷа ворид намудани маблағҳо, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мусоидат менамояд.