Ташкили “Маркази хизматрасонӣ” дар Кумитаи андоз

Январь 20, 2012 14:23

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – «Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 барои зиёд намудани имкониятҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ташкили Маркази хизматрасониро ба назар гирифтааст,- иттилоъ дод Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО. Мавсуф дар бораи натиҷаи фаъолияти кормандони Кумита дар соли 2011 маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки дар соли 2011 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 106,9% таъмин гардида, ба ҷойи 3 616,3 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷа 3 865,5 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 249,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Барои таъмини иҷрои нақшаи андозу пардохтҳо, беҳдошти заминаи моддию техникии мақомоти андоз, нерӯи кадрии он, баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа, ташкили ҳамкориҳои беҳтар бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкили «Феҳристи ягонаи бақайдгирии андозсупорандагон», беҳбуди бақайдгирии воридоти андозу пардохтҳо, ниҳодҳои андозбандӣ, зиёд кардани корҳои тавзеҳотӣ бо андозсупорандагон перомуни иҷрои ӯҳдадориҳояшон ва дигар омилҳо низ таъсир расониданд.Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар сатҳи замонавӣ ба роҳ монда, барои ҳарчи бештар ба буҷа ворид намудани маблағҳо, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мусоидат менамояд.

Январь 20, 2012 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт