Терминали мусофиркашонии Кӯлоб фаъол аст
Кӯлоб, 31 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар хиёбони Исмоили Сомонӣ терминали нави мусофиркашонӣ таъсис дода шуд, ки дар он беш аз 100 нақлиёти мусофирбар ба мизоҷон хизмат мерасонад. Мақсад аз кушодани терминал ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар дохили шаҳр ва муайян кардани самти ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо мебошад. Терминали мусофиркашонӣ аз тарафи ҶДММ «Абдусаттор – М» таъсис дода шуда, мусофиронро ба хатсайрхои Кӯлоб — Мӯъминобод, Кӯлоб – Ховалинг, Кӯлоб – Даҳана ва дигар самтҳои лозимӣ равона месозад. Мавриди зикр аст, ки терминал бо шароити хуб таъмин буда, дар дохили он хонаи модару кӯдак, ошхона ва ҷой барои истироҳат муҳайё карда шудааст. Масъулини ҷамъият тасмим гирифтаанд дар оянда дар назди терминал бозори хурди деҳқонӣ кушоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






