Тоҷикистон ба низоми овоздиҳии электронӣ ниёз дорад?

Январь 26, 2012 11:37

Оё Тоҷикистон барои ба низоми овоздиҳии электронӣ гузаштан зарурат дорад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд. Зимни посух ба ин савол мавсуф гуфт:- Гузариш ба низоми овоздиҳии электронӣ бисёр масъалаи ҷиддист. Роҳбарияти собиқи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода буданд. Барои амалӣ намудани ин низом таҷрибаи дигар давлатҳоро ҳам омӯхтанд. Маблағе, ки барои ташкили овоздиҳии электронӣ зарур аст, зиёд мебошад. Мутаассифона, дар аввал намояндагони САҲА ваъда доданд, ки дар ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, вале баъди гуфтушунидҳо ба хулосае омаданд, ки ин лоиҳаро маблағгузорӣ карда наметавонанд.
 
Оё зимни сафаратон ба Варшава бо намояндагони САҲА ин масъаларо баррасӣ кардед?
 
Масъалаи мазкурро дар Варшава мавриди баррасӣ қарор надодам, чунки аз таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ омӯхтаам, ки низоми овоздиҳии электронӣ чандон шаффофияти худро собит карда наметавонад. Дар аввали моҳи апрели соли 2011 дар интихоботи президенти Қазоқистон ҳамчун нозир ширкат варзидам. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон изҳор дошт, ки мо ба системаи электронии овоздиҳӣ гузаштем ва дар интихоботи аввалӣ беш аз 7% мардум тавассути низоми овоздиҳии электронӣ раъй дод, дар интихоботи баъдӣ, яъне 3 апрели соли 2011 ин миқдор 5 % -ро ташкил дод. Аз ин рӯ, Қазоқистон аз низоми раъйдиҳии электронӣ даст кашид. Бояд як нуктаро зикр кард, ки алҳол мардуми мо ба ин система он қадар омода нест. Аз ин рӯ, пурра дар низоми овоздиҳии электронӣ баргузор кардани интихобот бо назардошти имконияти имрӯза, шароити феълии ҷумҳурӣ ва мушкилоти барқие, ки мо дорем аз имкон дур аст. Мо набояд фаромӯш созем, ки интихоботи парлумонӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ дар моҳи феврал дар фасли зимистон баргузор мегарданд. Дар мавсими зимистон на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври доимӣ нерӯи барқ ҳаст ва мардум наметавонад аз низоми овоздиҳии электронӣ истифода барад. Яъне дар ин самт мушкилот вуҷуд дорад ва шояд дар оянда ин низом дар кишвари мо ба роҳ монда шавад.
 
Назари Шумо ба ҳисоботи солонаи давлатҳои узви САҲА доир ба таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо вобаста ба ченаки инсонӣ, ки дар Варшава баргузор гардид, чӣ гуна аст?
 
Зимни ҷаласае, ки дар Варшава доир ба ҳисоботи солонаи давлатҳои узви САҲА баргузор гардид, беш аз 12 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳайати гурӯҳи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов дар ин ҷаласа ширкат дошт. Дар баробари намояндагони сохторҳои давлатӣ дар машваратҳо намояндагони ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ- созмонҳои ҷамъиятӣ ҳузур доштанд ва ҳисоботи онҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласае, ки таҳти унвони «Интихоботи демократӣ ва мушоҳидаҳо дар интихобот» баргузор шуд, намояндагони 56 давлати аъзои САҲА ширкат варзиданд. Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон банда дар бораи системаи интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории кишвар доир ба интихобот, такмили қонунгузории амалкунандаи интихоботӣ, роҷеъ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, вакилони маҷлисҳои маҳалӣ, ки моҳҳои феврал ва марти соли 2010 баргузор гардида буданд, гузориш додам. Ҳамзамон доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти баргузор намудани интихоботи озоду демократӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, фаъолияти нозирони байналмилалӣ ва миллӣ, ки дар интихоботи соли 2010 иштирок намуда буданд, ҳисоботи муфассал пешниҳод намудам.
 
Гузориши намояндаи Тоҷикистонро дар мавриди баргузории интихобот чӣ гуна қабул карданд?
 
Гузориши моро дуруст қабул карданд, зеро дар он тавсияҳои ниҳоди демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА таҳлил гардидаст ва то чӣ андоза ба ҳақиқат наздику будани онҳо зикр шудааст. Дар бораи пешниҳодҳои ҷолиб, ки онҳоро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ бо кадом тартиб дар кадом мӯҳлат мавриди иҷро қарор медиҳанд, суханронӣ кардам. Ошкоро ибрози ақида намудам, ки баъзе тавсияҳоеро, ки ба меъёрҳои конститутсионии мо дахл доранд, бояд ҳаматарафа таҳлил намоем ва баъдан ин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Воқеан, дар ин тавсияҳо баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд онҳоро ҳангоми баргузор намудани интихобот ва умуман то барпо намудани интихоботи навбатии парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор диҳем.
 
Дар робита ба такмили қонунгузории интихоботии Тоҷикистон ягон эрод гирифта шуд?
 
Дар ҷаласа нисбат ба қонунгузории интихоботии Тоҷикистон, инчунин нисбат ба корҳое, ки аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ сурат мегиранд, ягон эрод гирифта нашуд. Зимни сафарам ба Варшава бо намояндагони ин созмони бонуфуз вохӯрдам. Масъалаҳоеро, ки дар тавсияҳои ниҳоди демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА ба назар мерасанд, мавриди баррасии тарафайн қарор додем. Тамоми тавсияҳои ин ниҳоди САҲА-ро таҳлил кардем ва ман банд ба банд ба маълумоти онҳо расонидам, ки эродҳои зикршуда дар кадом қисматҳо дар ҳақиқат дуруст ҳастанд ва мавриди баррасӣ қарор гирифтаву ҳал мегарданд. Бандҳое ҳастанд, ки ба онҳо эрод гирифтан то дараҷае ба ҳақиқат наздик нест, зеро қонунгузории амалкунандаи кишвар ин масъалаҳоро ба пуррагӣ ба танзим даровардааст. Шояд дар вақти татбиқи ҳамин меъёрҳои қонун баъзе камбудиҳо ба чашм расида бошанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ ҳам нест. Мо бояд тарзе фаъолият намоем, ки талабот ва муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъйину баргузории интихобот комилтар риоя шаванд. Дар ин масъала бо муовини аввали мудири ниҳоди демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА, бо шахсони масъуле, ки ба интихобот ва бо Тоҷикистон вобаста шудаанд, сӯҳбати муфид доштам. Ба хулосае омадем, ки воқеан, барои беҳтар намудани кори комиссияҳои интихоботӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ҳангоми иштироки онҳо дар интихобот, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқию сиёсии интихобкунандагон тадбирҳо андешем. Масъалаи сари вақт баррасӣ кардани арзу шикоятҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни раванди интихобот ворид мегарданд, низ баррасӣ шуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа пешниҳодҳои мушаххас дар мавриди имконооти ҳамкории мо бо ниҳоди демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА матраҳ гардид. Ин пешниҳодҳо ҷолиби диққат буданд. Мо кӯшиш мекунем, ки барои амалӣ намудани он тавсияҳое, ки ҷиҳати беҳтар намудани раванди баргузории интихобот мусоидат менамоянд, тадбирҳои мушахас андешем.
 
КМИР ҶТ бо кадом созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад?
 
КМИР ҶТ бо ҳамаи он созмонҳое, ки доираи фаъолияташон марбут ба масъалаҳои баргузории интихобот аст ҳамкорӣ дорад. Дар моҳи ноябр дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Венетсиянӣ дар Душанбе семинари байналмилалиро баргузор намудем, ки дар он намояндагони САҲА, ҳизбҳои сиёсӣ, КМИР ҶТ, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, ки ба баргузории интихобот сару кор доранд, ширкат доштанд. Мақсади ин чорабинӣ беҳтар намудани кори комиссияҳои интихоботӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ, шаффоф ва мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ ва байналмилалӣ баргузор намудани интихобот буд. Дар чорабиние, ки моҳи декабри соли 2010 дар Душанбе доир шуд, натиҷаҳои баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2010 аз сӯи ниҳоди демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА ғайришаффоф ва берун аз меъёрҳои байналмилалии интихобот арзёбӣ гардиданд. Назари
 
Шумо аз натиҷагирии САҲА?
 
На ҳамаи он эроду тавсияҳое, ки аз ҷониби ин созмон пешниҳод гардида буданд, асосноканд. Зимни ҳисоботам дар Варшава ба таври ошкоро ба диққати роҳбарияти САҲА ва намояндагони кишварҳои аъзои он расонидам, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор гардид, дар кадом маврид талаботи қонун риоя нашудааст ва имрӯз КМИР ҶТ чӣ ният ва мақсад дорад. 25 тавсияеро, ки пешниҳод гардид, пурра таҳлил кардем ва 9 тавсияро қонунгузории Тоҷикистон ба таври комил ба танзим даровардааст. Мисолҳои ҷиддӣ доир ба вайрон кардани талаботи меъёрҳои қонунҳои интихоботӣ ва дигар санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, нестанд. Камбудӣ зикр шудааст, аммо асоси ҷиддӣ надорад. Қаблан дар фаъолияити КМИР ҶТ баъзе камбудиҳо мушоҳида мешуданд. Масалан, КМИР вебсайт надошт. Баъзе ҷаласаҳои комиссияҳои участкавии интихоботӣ ва ҳавзавӣ бидуни иштироки намояндагони ВАО баргузор мешуданд. Тавсия шудааст, ки дар тамоми ҷаласаҳои комиссияҳои интихоботӣ намояндагони ВАО ва нозирон даъват шаванд, яъне фаъолияти комиссияҳо шаффоф бошад, ки ман пурра ба ин розӣ ҳастам. Дар масъалаи беҳтар намудани тартиби сари вақт баррасӣ кардани арзу шикоятҳое, ки аз тарафи иштирокчиёни маъракаи интихоботӣ баргузор мегардад, қонунгузории мо ин тартибро ба пуррагӣ инъикос ва пешгӯӣ кардааст. Вақте, ки арзу шикоятҳо ба комиссияҳои болоӣ ё ба мақомоти судӣ ворид мешаванд, сари вақт мавриди баррасӣ ва ҳал қарор дода шаванд. Инчунин машварат шудааст дар бораи гузаронидани машғулиятҳо бо намояндагони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ доир ба тартиби таъмини қонунгузории интихобот, тадбирҳо андешида шаванд. Дар ин масъала бо маркази таълимии судяҳои назди Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорем ва масъалагузорӣ кардем, то дар нақшаи таълимии судяҳо, як барномаи алоҳида доир ба системаи интихобот, қонунгузории интихобот, барои ҳалу фасли арзу шикоятҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни чорабинии интихобот пешниҳод мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гиранд. Тавсия шудааст, ки ҳангоми муайян кардани ҳавзаҳои интихоботӣ шумораи умумии интихобкунандагон ба назар гирифта шавад. Дар ин масъала камбудиҳо вуҷуд дорад ва он бояд ҳалли худро ёбанд, ин салоҳияти КМИР ҶТ аст. Масъалаи ҷиддӣ ба миён гузошта шудааст, ки баъзе талабот нисбати номзадҳое, ки ба вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд аз қонунгузории Тоҷикистон гирифта шавад. Зикр мешавад барои шахсе, ки ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад, доштани маълумоти олӣ ҳатмӣ нест. Худ қазоват намоед, вақте ки шахс маълумоти олӣ надорад, чӣ гуна вакили парлумон мегардад? Вакили парлумон шудан масъулияти баландро тақозо менамояд. Дар мақоми олии қонунгузорӣ ва намояндагии давлат вакил шудан ва дар он ҷо мардумро намояндагӣ кардан, кори осон нест, шахсе ки маълумоти олӣ надорад, чӣ гуна қонун таҳия ва қабул менамояд.
 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» то чӣ андоза ниёз ба такмил дорад?
 
Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» баъди қабул гардиданаш се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Баъзе намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, хусусан намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки ба ҳайси вакил дар парлумон фаъолият менамоянд, соли 2009 расман ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба лоиҳаи қонун пешниҳод карда буданд ва он мавриди баррасӣ ва омӯзиши кумитаҳои Маҷлиси намояндагон қарор гирифта буд. Тибқи маълумоти мо, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва бо назардошти он ки кумитаҳои дахлдори парлумон ин пешниҳодҳоро ҷонибдорӣ накарданд ва зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба қонуни амалкунанда надиданд, лоиҳаи қонун ба субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ бозпас гардонида шуд. Имрӯз дар баъзе чорабиниҳо боз мебинем, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ масълагузорӣ менамоянд, то қонунгузории марбут ба интихобот такмил ёбад. Дар маҷмӯъ санадҳои қонунгузории мо доир ба интихобот мутобиқ аст. Ҳангоми баргузор намудани интихобот баъзе камбудиҳо ба чашм мерасад, ки он танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки чунин камбудиҳо дар дигар кишварҳо низ ҳангоми баргузории интихобот мушоҳида мегарданд. Дар асоси Конститутсияи кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ба субъектҳои алоҳида хуқуқ дода шудааст. Сӯҳбаторо Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2012 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд