Вазоратҳо ба ҷиноятҳои коррупсионӣ гузаштаанд?

Январь 24, 2012 14:59

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нишасти навбатии матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки дар толори Агентии мазкур гузшт, аз ҷиҳати таҳлилӣ будани мавод, хеле ҷолиб буд. Дар нишаст ҳамаи хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар ширкат варзиданд. Директори Агентӣ Фаттоҳ Саидов гуфт, ки дар натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи кормандони шӯъбаву раёсатҳои агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ба маблағи 107, 2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.Ба гуфти директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ф. Саидов, мутаассифона, ҳолатҳое низ ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуданд, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд. Дар давоми соли 2011 57 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 43 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 18 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар корманди Вазорати адлия, 12 ҷиноят аз ҷониби 10 нафар корманди Кумитаи андоз, 14 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 12 ҷиноят аз ҷониби 9 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 9 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди мақомоти прокуратура, 6 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди мақомоти судӣ (Шӯрои адлия), 5 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди Хадамоти гумрук, 2 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва 2 ҷиноят аз ҷониби як нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудаанд. Сипас дар давоми яку ним соат саволу ҷавоб миёни хабарнигорон ва кормандони агентию директори он Ф. Саидов идома ёфт ва хабарнигорон тавонистанд ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои дилхоҳ пайдо кунанд.

Январь 24, 2012 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст