Вазорати кишоварзӣ ҳам бегуноҳ нест
Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати кишоварзӣ муайян шуд, ки дар сохторҳои вазорат, хусусан дар соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Соли 2010 аз буҷаи ҷумҳурӣ барои хариди тухмии зироати кишоварзӣ ва картошка 6 млн. сомонӣ ҷудо гардид, то ки барои кишти зироат ва картошка дар соли 2011 хоҷагиҳо захираи кофии тухмӣ дошта бошанд. Бо маблағи ҷудошуда аз Федератсияи Русия 2 ҳазору 100 тонна картошкаи тухмӣ харид карда шуд. Аз бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа 1 ҳазору 335 тонна картошка талаф ёфт, ки зарари молиявии он зиёда аз 3,5 млн. сомонӣ ё 58,3 фоизи маблағи буҷавиро ташкил дод. Тибқи конунҳои мавҷуда, хариди тамоми маҳсулоти воридотии кишвар танҳо дар асоси баргузории тендер сурат мегирад ва ғолиби тендерро Вазорати молия маблағгузорӣ менамояд. Аммо аз чӣ бошад, ки хариди тухмӣ аз ФР бе гузаронидани тендер аз ҷониби Вазорати молия маблағгузорӣ шудааст, ки он зарбулмасали «таги коса нимкоса» -ро мемонад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






