Вуруди маблағҳо ба буҷа аз ҳисоби хусусигардонӣ

Январь 24, 2012 15:53

Душанбе, 24 январ. (АМИТ “Ховар”, Покиза Маҳмадбекова). – Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ иборат буда, дар давоми соли сипаригашта маблағи умумии онҳо 1,86 млрд. доллари ИМА ё зиёда аз 8,86 млрд. сомониро ташкил додааст. Зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон Раҳматбоев иброз дошт, ки дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳо маблағҳои қарзӣ – 57,34 %, маблағҳои грантӣ – 32,68 %, саҳми Тоҷикистон – 7,85 % ва ҳиссаи ширкатҳои давлатӣ ва ҷамоаҳо – 2,13 %-ро ташкил медиҳад.   “Танҳо дар давоми соли 2011 ҷиҳати татбиқи 18 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ созишномаҳо ба имзо расид, ки барои татбиқи онҳо зиёда аз 1,6 млрд. сомонӣ ҷалб шудааст, ки 1,3 млрд. сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд”- гуфт  Ш. Раҳматбоев  . Зикр шуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорон, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва афзун намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар соли сипаришуда як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита истифодаи самаранок ва идораи мақсадноки амволи давлатӣ ба шумор рафта, зикр гардид, ки дар соли 2011 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ тақрибан 37 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети давлат ворид шудааст. Дар соли сипаригашта дар мавриди фурўши моликияти ҷумҳуриявӣ 56 музояда ва 1 тендери сармоягузорӣ гузаронида ва саҳмияҳои 5 ҷамъияти саҳомӣ, 82 иншооти ғайриманқул ва 77 адад воситаҳои нақлётӣ фурўхта шудаанд.

Январь 24, 2012 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд