Вуруди маблағҳо ба буҷа аз ҳисоби хусусигардонӣ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ “Ховар”, Покиза Маҳмадбекова). – Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ иборат буда, дар давоми соли сипаригашта маблағи умумии онҳо 1,86 млрд. доллари ИМА ё зиёда аз 8,86 млрд. сомониро ташкил додааст. Зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон Раҳматбоев иброз дошт, ки дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳо маблағҳои қарзӣ – 57,34 %, маблағҳои грантӣ – 32,68 %, саҳми Тоҷикистон – 7,85 % ва ҳиссаи ширкатҳои давлатӣ ва ҷамоаҳо – 2,13 %-ро ташкил медиҳад. “Танҳо дар давоми соли 2011 ҷиҳати татбиқи 18 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ созишномаҳо ба имзо расид, ки барои татбиқи онҳо зиёда аз 1,6 млрд. сомонӣ ҷалб шудааст, ки 1,3 млрд. сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд”- гуфт Ш. Раҳматбоев . Зикр шуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорон, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва афзун намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар соли сипаришуда як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита истифодаи самаранок ва идораи мақсадноки амволи давлатӣ ба шумор рафта, зикр гардид, ки дар соли 2011 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ тақрибан 37 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети давлат ворид шудааст. Дар соли сипаригашта дар мавриди фурўши моликияти ҷумҳуриявӣ 56 музояда ва 1 тендери сармоягузорӣ гузаронида ва саҳмияҳои 5 ҷамъияти саҳомӣ, 82 иншооти ғайриманқул ва 77 адад воситаҳои нақлётӣ фурўхта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






