Ҳайати ҶТ дар Конфронси байналмилалӣ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии вазири маориф Нуриддин Саидов дар кори Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тарбияи насли босаводу маърифатнок ҳамчун шарти муҳимтарини рушди устувор ва навсозии кишвар», ки 16 феврал дар шаҳри Тошканд оғоз ёфт, иштирок дорад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷаи ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар чаҳорчӯбаи конфронс мулоқоти Н. Саидов бо вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Темир Ширинов баргузор гардид.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни системаҳои амалкунандаи маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули афкор намуда, ҳамчунин дурнамои роҳандозии ҳамкории судманди байни муассисаҳои маърифатии ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо фаъолияти бархе муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсуси шаҳри Тошканд шинос шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






