Ҳамкориҳои кишоварзон бо ширкатҳои Федератсияи Русия

Февраль 23, 2012 16:20

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо Директори генералии ширкати «ИнтерАГРО» ва Директори генералии ширкати саноати молиявии «УралПромСервис» А. Осипов доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ вазири кишоварзӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба миёни вазорати кишоварзӣ ва намояндаи ширкати «Интер АГРО» изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҷонибҳо дар раванди вохӯрӣ доир ба ҳамкориҳо дар парвариши картошкаи барвақтӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак доир ба технологияи истеҳсоли картошкаи тухмӣ дар ноҳияи Ҷиргатол дархостҳо пешниҳод намуданд.

Февраль 23, 2012 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд