Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ – вазифаи муқаддас

Февраль 13, 2012 15:21

Муҳофизат ва гиромӣ доштани мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳо вазифаи муҳими ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст, зеро хурдтарин осори гузашта метавонад қиммати баланди илмию таърихиро доро бошад. Вобаста ба ин мавзўъ хабарнигори АМИТ «ХОВАР» Ҳотам Рабиев ба сардори шўъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Музаффар Азизов мусоҳиб шуд.  Тавре ки мо иттилоъ дорем, ба наздикӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» тасдиқ гардид. Мехоҳам, ки Шумо ҳадафҳои барномаи мазкурро шарҳ бидиҳед?
 
—Дар ҳақиқат дар кори ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳёи мероси ниёгон давраи нав эҳё хоҳад шуд, зеро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 №577 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020, ки аз ҷониби мутахассисони Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд, тасдиқ гардид. Мақсади асосии барнома ба низомдарорӣ, ҳифзу нигаҳдошт ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани офаридаҳои таърихию фарҳангии тоҷикон, таъмиру тармимӣ ва нигоҳдории ёдгориҳои меъморӣ ва бостонӣ мебошад. Истифодаи ёдгориҳо ҳамчун иншооти туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо, таъмини истифодаи пурсамари ин мерос низ аз мақсадҳои муҳими барномаи мазкур ба ҳисоб меравад. Ҳангоми баррасӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 29.11. соли 2011 бо пешниҳоди Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ёдгорӣ, аз қабили ландшафти хонаҳои сангии таърихии деҳаи Вешаб ва мавзеи Ҷиҷиқруди ноҳияи Айнӣ, ёдгориҳои ноҳияи Қубодиён ва Шаҳритӯс ба феҳристи осори бостонӣ ворид карда шудаанд. Дар натиҷа шумораи умумии онҳо ба 43 адад расида, маблағи умумиашон 67 млн сомониро ташкил дод, ки зиёда аз 60 млн сомонии он аз ҳисоби буҷа пешбинӣ шудааст. Дар Барнома мероси таърихию фарҳангии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки аҳамияти муҳими таърихӣ ва илмию фарҳангӣ доранд, ворид гардиданд. Вале ин маънои онро надорад, ки дигар ёдгориҳо дар канор мондаанд. Нисбат ба онҳо низ барнома ва ояндабиниҳою нақшаҳо чӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва чӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар назар аст. Дар ҳудуди шаҳру нохияҳои ҷумҳурӣ ёдгориҳо чунин тақсим гардиданд:1. Вилояти Суғд- 17 ёдгорӣ.2. Вилояти Хатлон -17 ёдгорӣ.3. Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон- 4 ёдгорӣ.4. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 5 ёдгорӣ. Татбиқи барномаи номбурда дар ду марҳила амалӣ мегардад: -марҳилаи якум солҳои 2012-2015- ро дар бар гирифта, ба он 20 ёдгорӣ ворид гаштааст; марҳилаи дуюм солҳои 2016-2020- ро дар бар гирифта, ба он 23 ёдгории нисбатан бузург дохил гардидааст. Дар ду марҳила бояд 27 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ ва дигар ёдориҳо фарогир шаванд, ки аз онҳо 13 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ барқарорнамоии ҷузъӣ ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Бахусус тармиму барқарорнамоии Қалъаи Ҳисор ба муносибати ҷашни 3000- солагии ин шаҳри бостонӣ ҷолиби қайд аст. Дар назар аст, ки диққати бештар ба худи қалъа дода шуда, деворҳои он бо манораҳо ва қисман қасри ҳоким барқарор хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби сайёҳон дар ин ҷо аз дохили дарвоза то ба даромадгоҳи Аскархона растаи ҳунармандон сохта шуда, ҳунарҳои миллӣ эҳё мегарданд. Дар атрофи чашмаи Аскархона истироҳатгоҳ бо ошхонаи таомҳои миллӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дастаи этнографии овозхонону ҳунармандон амал хоҳад кард. Умуман, дар назар аст, ки қалъаи Ҳисор ба як организми зиндаи таърихӣ ва маркази туризми байналмилалӣ табдил дода шавад. 29 декабри соли 2011 маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барнома қарор қабул намуд, ки тибқи он дар ҳамкорӣ бо бостоншиносону муаррихон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои тармими Калъаи Қаҳқаҳаи ноҳияи Ишкошим, давом додани навбати сеюми барқарорнамоии Қалъаи Ҳулбук ва таъсиси музеи кушодаи Тахти Сангин ба вазорат супоришҳои иловагӣ дода шуданд. Рў овардан ба решаҳои хеш, омўзишу нигаҳдошти онҳо ва дастраси наслҳои оянда гардонидани ин сарвати бебаҳои миллат имрўз яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлати соҳибистиқлоламон дар соҳаи илму фарҳанг ба шумор рафта, ҳар як тоҷикро водор месозад, ин асолати миллиро ҳифзу дастгирӣ намояд. Тибқи Барномаи номбурда як силсила ёдгориҳои бостонию меъмории ниёгон, ки алҳол дар шакли ниҳоят хароб то замони мо расидаанд, бояд дар шакли аслӣ барқарор шаванд. Мутаассифона, на ҳама донишмандону муаррихон тарафдори чунин ақидаанд. Бархе мехоҳанд он ёдгориҳо чӣ гунае, ки то замони мо расидаанд, яъне харобу валангор ё ба шакли хоктеппа ҳамон хел ҳифз гардида (консерватсия нашуда), ба иншооти туристӣ табдил дода шаванд. Ин ақида дар ҷаҳон, махсусан дар Аврупо хеле маъмул аст ва ЮНЕСКО низ асосан онро ҷонибдорӣ мекунад. Вале ҳаминро низ бояд ба назар гирифт, ки масолеҳи асосии сохтмонии Аврупоро асосан сангу хишти пухта ташкил медод ва онҳо он қадар қадим ҳам нестанд. Аксарияти кулли бинову иншооти меъмории Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳудуди имрўзаи Тоҷикистон аз хишти хом сохта шудаанд ва албатта, то замони мо дар шакли хеле хароб расидаанд. Баъзе аз шаҳру қалъаҳо ҳанўз дар замонашон дар натиҷаи ҷангҳо комилан нобуд карда шудаанд. Дар чунин вазъият бархурдорӣ аз санъати меъмории ниёгон, бедор намудани ҳисси ифтихори миллии мардум, тарбияи насли наврас дар рўҳияи поси дастовардҳои гузаштагони хеш, баланд бардоштани ҳисси ватандўстию худогоҳӣ дар асоси арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ мушкил аст. Мумкин ин вайронаҳо аврупоиҳоро бо таърих ва аслияти ноаёни худ ба ваҷд оранд. Вале ҷавонону наврасони мо дар ин вайронаҳо чиро мебинанд ва ё дарк мекунанд ва чӣ баҳра мебаранд? Масолеҳи асосии сохтмонии ҷопониҳо дар гузашта аслан чўб буд. Аз ин лиҳоз, аз меъмории қадим дар онҳо қариб чизе боқӣ намондааст. Вале онҳо вайронаи ҳар як иншооти гузаштаро аз рўи ин чўбҳои пўсида дақиқ омўхта, онро пурра барқарор ва онро ҳамчун ёдгории замони муайян муаррифӣ менамоянд. Албатта, на тибқи масолеҳ, балки тибқи услуби меъморӣ. Ва онҳо тавонистанд ҳисси ифтихори миллии мардуми худро дар ин ҷабҳа низ хеле ва хеле мустаҳкам намоянд. Ҳар як ҷопонӣ роҷеъ ба санъати меъмории замонҳои гуногуни таърихи кишвараш маълумоти зарурӣ пайдо карда метавонад. Ҳамчунин дар Ўзбекистон низ ин корро метавон мушоҳида кард. Онҳо қариб тамоми ёдгориҳои меъмории худро ба таври комил барқарор намуданд. Семент ҳам истифода карданд, хишти муосир низ. Асос он, ки услуб, ҷанбаҳои таърихӣ ва ҳунарӣ нигоҳ дошта шудааст. Чунин тарзи тармиму барқарорнамоӣ дар Беларус низ ба назар мерасад. Вале беларусҳо масолеҳи мувофиқро истифода намуда, ранги онро аз ранги аслӣ фарқ мекунонанд. То ки бинанда донад, ки кадом қисм аслист ва кадом қисм тармимшуда.
 
—— Тармимгарони тоҷик чӣ мақсад доранд?
 
Тармимгарони тоҷик дар замони истиқлолият вобаста ба ёдгорӣ, замони он, санъати хосаи ёдгорӣ ҳама услубҳои дар боло зикршударо истифода намудаанд ва менамоянд. Дар натиҷа, мо медонем, ки Ҳулбук чӣ гуна қасре буд, ёдгориҳои Калъаи Ҳисор чӣ шакл доштанд ё Мадрасаи Абдулатиф Султону маҷмааи Ҳазрати Шоҳи Истаравшан чӣ шаҳомате доштанд. Ҳар яке аз ин ёдгориҳо на танҳо эҳё шуд, балки он аз нав зинда гардида, макони баргузории маросиму чорабиниҳо гаштааст. Чунин ҳам бояд шавад. Вале танҳо дар сурати то ҳадди имкон наздик гардонидани на танҳо шаклу услуби меъморӣ, балки масолеҳи сохтмонии он низ. Барои ин набояд саросема шуд. Тармиму барқарорнамоии ёдгории таърихӣ аз сохтмони бино фарқи калон дорад. Барои ба шакли аслӣ наздик сохтани ҳар як ёдгорӣ заҳмати зиёд ва омўзиши ҳамаҷонибаи таърихи меъмории на танҳо минтақа, балки тамоми Машриқ лозим аст. Мутаассифона, имрўз на ҳар кас инро эҳсос ва дарк карда метавонад. Аз ин лиҳоз, хатоиҳои баъзан ҷиддӣ низ дар масоили мазкур сар мезананд, норизоии васоити ахбори омма ва аҳолиро ба вуҷуд меоранд. Бояд кўшиш намуд то ҳангоми татбиқи Барномаи номбурда чунин хатоиҳо такрор нашаванд. Инро талаботи асосӣ дар сиёсати фарҳангии соҳа бояд донист. Инчунин дар Барнома барои такмили ихтисоси кормандони соҳа дар хориҷи кишвар, баргузории ҳамоишу конфронсҳо роҷеъ ба ҳифзу истифодаи оъектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ворид намудани беҳтарини онҳо ба мероси умумиҷахонии фарҳангии ЮНЕСКО, сертификатнамоӣ, нишонагузории ёдгориҳо ва таҳияи шиносномаҳои онҳо маблағҳои муайян пешбинӣ гардидаанд. Дар назар аст, ки дар ин давра 8 ёдгории нодири таърихии халқамон, ки алҳол ба рўйхати пешакӣ қабул шудаанд, ба Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда хоҳанд шуд. Инҳо: Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Шаҳраки Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, Дайри Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш, Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим, Шаҳри Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон мебошанд.
 
——-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи Барномаи мазкур чӣ саҳм доранд?
 
——-Татбиқи амалии Барномаи қабулшуда ин пеш аз ҳама ба фаъолияти пурсамари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад, чунки тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» сабту феҳристсозии ёдгориҳо дар салоҳияти мақомоти номбурда мебошад. Аз ин лиҳоз, ба мақомоти мазкур зарур аст, ки ҳатман ҳудуди ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳоро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати фарҳанг муайян намуда, ба қайд гиранд ва бо қарори раиси ноҳия рўйхати мазкурро тасдиқ намоянд, яъне ба ёдгориҳои ҳудуди ноҳия мақоми ҳуқуқӣ дода шавад. Баъдан ҳар як ёдгорӣ новобаста ба шакли моликият сертификат карда шуда, барои ҳифз ва истифодаи минбаъда ба тавозуни шўъбаҳои фарҳанг гузаронида шаванд. Дар ҳолати баргузории таҳқиқоти илмӣ ё корхои тармимиву барқарорнамоӣ дар ин ёдгориҳо барои пешрафти корҳо мусоидат намоянд.Бо боварии том метавон гуфт, ки татбиқи Барнома дар ҳолати ҳамкориҳои фаъол байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дар оянда на танҳо ба эҳёи нави мероси фарҳангии ниёгон ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстию худшиносӣ сабаб мешавад, балки аз маҳакҳои асосии ривоҷи туризми байналмилалӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги халқамон ба ҷаҳ они муосир хоҳад гашт.

Февраль 13, 2012 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст