Ҷавонон-посдорони суннатҳои наврӯзӣ
Душанбе, 02 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷилил намудани ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012» тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 5 декабри соли 2011 «Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012» ва ҳайати ситоди корӣ доир ба ташкил ва баргузории ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012» аз ҳисоби масъулини Кумита тасдиқ гардидааст, ки мутобиқи он корҳои омодагӣ, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани шанбегиҳои ҷавонон ҷиҳати тозаву обод намудани гулгашту хиёбонҳо ва кӯчаву маҳаллаҳо, омода намудани шиору овезаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз- 2012 дар назар гирифта шудааст.Хамзамон бо мақсади ҷолибу хотирмон таҷлил намудани ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2012» Кумита дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои худ баргузории силсила-чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва мусобиқаҳои варзишии намуди оммавӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, пойга, камонварӣ, ташкили барномаҳои фарҳангӣ (консертӣ) бо иштироки санъаткорон ва истеъдодҳои ҷавон, доир намудани маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон миёни донишҷӯёни мактабҳои олиро дар нақша гирифтааст.Инчунин Кумита тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашни наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба гӯштини миллӣ ҷиҳати дарёфти «Ҷоми паҳлавони наврӯзӣ», мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни вазорату идораҳо доир ба баскетбол барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз-2012» ва бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим Дави Наврӯзиро баргузор намояд. Масъулини Кумита дар вохӯриҳо бо наврасону ҷавонон ва умуман бо аҳли ҷомеа перомуни дастовардҳои даврони истиқлолияти кишвар ва бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чун ҷашни наврӯзи байналмилалӣ эълон шудани Наврӯзи имсола сухан карда, наврасону ҷавононро барои пос доштани суннатҳо ва анъанаҳои наврӯзӣ даъват менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






