Ҷоизони мавсими соли 2011 мукофот гирифтанд
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 7 феврал дар шаҳри Душанбе маросими мукофотонидани ҷоизон ва бозингарони беҳтарини мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардид.Дар ин бора сомонаи Клуби футболи «Истиқлол» хабар медиҳад.Дар маросими супурдани мукофотҳо роҳбари Федератсияи футболи ҶТ Рустам Эмомалӣ иштирок дошт. Муншии умумии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев медалҳои тиллоро ба бозингарон, мураббиҳо ва ҳайати роҳбарикунандаи дастаи «Истиқлол» супурд. Медалҳои нуқраро ба бозингарон ва мураббиҳои дастаи «Регар – ТадАЗ» ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов тақдим намуд.Ҷойи сеюм насиби дастаи футболи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб гардид. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр», узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Музаффар Исҳоқов медалҳои биринҷиро ба бозингарону мураббиҳои дастаи «Равшан» супурд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






