Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар моҳи январ

Февраль 11, 2012 10:44

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Моҳи январи соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 690 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба 116 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи январи соли 2011 94 млн. сомонӣ зиёд аст. Афзоиш аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат (29 млн. сомонӣ), корхонаҳои пахтатозакунӣ (71 млн. сомонӣ) ва бахши хусусӣ (10 млн. сомонӣ) таъмин гардидааст.Афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар раёсатҳои мошинсозӣ 2,5 баробар, маводи сохтмон 2,1 баробар, саноати сабук 171%, саноати хӯрокворӣ 137%, маъдани кӯҳӣ 136%, ангишт 133% ва истихроҷи нафту газ 101% -ро ташкил дод.Дар саноати истихроҷ дар моҳи январ ба маблағи 43,4 млн. сомонӣ (6,3%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 479 млн. сомонӣ (69%) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Боқимонда 167 млн. сомонӣ (24%) ба истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об рост меояд.Дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин моҳи соли 2011 воридоти гандум 3,5 баробар ва воридоти орд 2,4 баробар афзуд, ки ин ба болоравии ҳиссаи истеҳсоли нону маҳсулоти нонӣ мусоидат намуд. Агар дар моҳи январи соли 2011 27 ҳазор тонна гандум ва 27 ҳазор тонна орд ворид шуда бошад, пас дар моҳи январи соли равон 97 ҳазор тонна гандум (69 ҳазор тонна зиёд) ва 67 ҳазор тонна орд (39 ҳазор тонна зиёд) ворид шудааст.

Февраль 11, 2012 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд