Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Саҳми корхонаву муассисаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар корхонаҳо дар истеҳсоли саноати сабук дар вилоят Суғд хеле назаррас аст. Соли 2011 дар корхонаҳои саноатии вилоят ба миқдори 256 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки 117 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.Дар вилоят се корхонаи коркарди нахи пахта: ҶММ «Спитамен Текстайлз» бо иқтидори истеҳсолии коркарди 3500 тонна нахи пахта дар як сол, ҶММ «Нику Хуҷанд» бо иқтидори 2500 тонна коркарди нахи пахта дар як сол бо маҳсулоти ниҳоӣ (фабрикаи ҷӯроббарории «Наврӯз») ва ҶСП «Олим Текстайлз» бо иқтидори истеҳсолии 6000 тонна коркарди нахи пахта дар як сол ба фаъолият шурӯъ намуданд ва дар натиҷа зиёда аз 778 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Заминаи ашёи хоми чорво дар ҷумҳурӣ фаровон гардида, дар миқёси вилояти Суғд ду корхонаи коркарди пӯст: ҶММ «Файзи Мастчоҳ» ва СИ «Абдусатторов Ш.» бо иқтидори умумии 450 000 дона коркарди пӯсти чорвои шохдори хурду калон дар як сол ва як корхона бо номи ҶММ «Ростои Суғд» бо иқтидори 700 тонна коркарди пашм дар як сол дар заминаи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар корхонаҳои зикргардида 65 нафар шаҳрванд бо ҷойи нави корӣ ва 60 нафар бо ҷойи кории барқароршуда таъмин гаштанд.Ҳамчунин, бо тавсияи вазорат ҶММ «Файзи Мастчоҳ» таҷҳизоти муосири технологии ниҳоии коркарди пӯстро ворид намуда, истеҳсоли таҷрибавии болопӯшҳои чарминро ба роҳ монд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






