Барои маориф ва тандурустӣ маблағи зиёд сарф мешавад
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Соли 2012 қариб 50 фоизи буҷа ё беш аз 5 миллиард сомонӣ барои маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, мандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ шудааст.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли 2011 барои рушди соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон 2 миллиарду 284 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сарф шуда буд, ки ин 47,2 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Назар ба маълумоти Вазорати молияи кишвар, соли 2012 қисми хароҷоти буҷа беш аз 28 фоизи маҳсулоти умумии дохилиро ташкил дода, дар баробари ин камбуди буҷа нисбат ба маҳсулоти умумии дохилӣ баробари 0,5 фоиз хоҳад буд. Моддаи калонтарини буҷа иборат аз маориф мебошад, ки барои он 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин барои нигаҳдории тандурустӣ 726 миллион ва кишоварзӣ 3 миллиарду 700 миллион сомонӣ тахсис дода шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






