Баррасии қонуну қарорҳо дар Вазорати меҳнат

Февраль 15, 2012 16:58

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарпарасти соҳаи нафақа – муовини якуми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов мизи мудаввар дар мавзӯи «Баррасии тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он мутахассисони масъули вазорат ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон, Иттиҳоди миллии маъюбон, Шӯрои «Иттифоқи маъюбони Чернобил», Ассотсиатсияи занони маъюб, ҷамъиятҳои нобиноён ва маъюбони шаҳри Душанбе ширкат варзида, тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохилшударо мавриди баррасӣ қарор доданд.Инчунин аз ҷониби мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоии вазорат ба иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз доир ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» ва «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмини маъюбон бо табобати санаторию курортӣ» маълумоти мукаммал пешниҳод карда шуд. Эмин Сангинов таъкид кард, ки доир ба ин мавзӯъ бо аҳолӣ бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ бурда шавад, то ки қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳолӣ ба дурустӣ дарк шаванд.

Февраль 15, 2012 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд