Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Суғд
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, баррасии таклифу пешниҳодҳо доир ба таҳрири нави «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Раёсати андози вилояти Суғд бо иштироки соҳибкорон ва ассотсиатсияҳо машварат доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки иштирокчиён фикру андешаҳои худро баҳри такмили таҳрири нави Кодекси андоз иброз намуданд. Сардори шӯъбаи назорати Раёсати андоз дар вилояти Суғд А. Маликов гуфт, ки Кодекси мазкур дар доираи талаботи сиёсати давлатӣ, яъне дахолат накардани кормандони андоз ба фаъолияти андозсупоранда равона шудааст. Дар интиҳои кори машварат зикр шуд, ки муносибати мақомоти вилоят бо андозсупоранда бояд шарикона бошад. Охири моҳи марти соли равон сайти Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ кушода мешавад. Минбаъд дар назди Раёсати андози вилояти Суғд телефони боварӣ 6-10-52, 92-774-67-12 амал хоҳад кард, ки шаҳрвандон аз амалҳои коррупсионии кормандони мақомоти андоз метавонанд раёсатро огоҳ созанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






