Бозии Тоҷикистону Куриё дар Суғд
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 29 феврал дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон»-и маркази вилояти Суғд бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Куриёи шимолӣ дар доираи бозиҳои интихобии чемпионати ҷаҳон баргузор мешавад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вобаста ба фаъолияти ситоди корӣ 23 феврал таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор машварати корӣ доир гардид. Дар машварат зикр гардид, ки барои гузаронидани футболи байналхалқӣ дар вилоят тамоми омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ дида шудаанд. Тибқи нақшаи чорабинӣ қабл аз бозӣ ҳунарнамоии овозхонони шинохтаи Тоҷикистон ва баъди он бозии бурдноки лотерея дар назар дошта шудааст, ки мукофоти асосӣ-мошини сабукрав мебошад. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Куриёи шимолӣ чорабинии сатҳи ҷаҳонист, ки тибқи муқаррароти Федератсияи байналхалқии футбол (ФИФА) сурат мегирад. Дар вилояти Суғд баргузор шудани он нишони ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ будани иншооти варзишии вилоят аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






