Бозингари бразилиягӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Беларус
Душанбе, 14 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Нимҳимоятгари дастаи “Батэ”-и Беларус Ренан Брессани бразилиягӣ барои иштирок дар бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Беларус ва Молдова, ки рӯзи 29 феврал барпо мегардад, ба ҳайати дастаи Беларус шомил шудааст. Брессан дар Бразилия ба бозии футбол шурӯъ карда, соли 2007 ба ҳайати дастаи “Гомел” даъват шудааст. Ӯ соли 2010 ба ҳайати тими “Батэ” гузашта, ду маротиба чемпиони Беларус шудааст. Ин бозингари 23- сола шаҳрвандии ҷумҳурии Беларусро қабул кардааст ва бори аввал ба ҳайати дастаи мунтахаб даъват шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






